Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таъмин намудани сиёсати давлат бо назардошти он, ки маҳз солимии миллат пояндагии онро таъмин карда метавонад барномаи худро тартиб дода, таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббиро маҳз бо роҳи мукаммалсозии низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ имконпазир шуморида, бо ин мақсад ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таъмин кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро роҳандозӣ намудааст. Дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Беморхонаи Физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд бахшида ба иди касбии соҳаи тандурустӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид ва барои табрикоти табибон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳамаи табибони ин ташкилотро табрик намуда, ба ҳамаи онҳо пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, сарбаландӣ, ва дар кору фаъолияташон муваффақиятҳои беназирро таманно кард. Дар охир ба якчанд фаъолони ин ташкилоти ибтидоӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.