Ба муносибати иди касбии табибон дар толори Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд маҷлиси тантанавии кормандони беморхона бо иштироки ҳамаи табибон ва ҳамширагони шафқат баргузор гардид. Дар ҷаласаи идона аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов ширкат варзида, табрикоти Роҳбарияти ҲХДТ-ро самъи ҳозирин расонд. Аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ба имзо расидани Фармони сарвари давлат оиди баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи тиб шаҳодати ғамхории пайвастаи сарвари давлат аст. Дар тамоми муассисаҳои тиббӣ, Марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳо имкониятҳои мувофиқ мавҷуд буда, табибони сатҳи баланди касбӣ бо воситаҳои техникии тиббии муосир барои сиҳатии мардум фаъолият мебаранд. Ҳамзамон табибони ҳозиқ барои идомаи анъанаҳои неки устодони худ кушиш намуда, усулҳои наву муосири муолиҷаро ҷорӣ менамоянд. Дар охир ба аъзоёни фаъоли ҲХДТ, ки дар Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд кору фаъолият мебаранд Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 11247
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10932
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 9019
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 8793
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 8247
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1931
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1951
-
Табибон ҷонибдори ҲХДТ2015-10-12 1713
-
Конференсияи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи М.С. Осимӣ2016-06-23 1579
-
БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН2019-05-22 1645
Меҳмонон