Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни Рӯзи Модар дар ташкилоти ибтидоии «М.Осимӣ»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид. Нахуст филми мустанад дар бораи бузургӣ ва шаҳомати Модар пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд. Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова бонувони донишкадаро бо ин санаи муборак табрику таҳниятҳо намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ҷашни Рӯзи Модар дар айёми гулрези баҳорӣ таҷлил мегардад, ки ин бесабаб нест, зеро модарону хоҳарони офаранда ва бахшандаи зебогӣ мебошанд. Маълум, ки пешрафти ҷомеаи имрӯзаро бе нақши занону модарон тасаввур кардан нашояд. Хосса, заноне ки соҳибмаърифатанд дар тарбияи фарзанд, рушди оила ва ниҳоят дар тараққияти давлат таъсири бевосита мерасонад. Аз шумори умумии омӯзгорону кормандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 188 нафарро духтарону бонувон ташкил медиҳанд. Аз 72 нафари устодони унвондор 29 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин бениҳоят қувваи бузург аст. Ҳар яки онҳо дорои потенсиали баланди дониш буда, бо истифода аз технологияҳои муосир ба шогирдон дарс мегӯянд. Саҳми бонувони донишкада дар омодасозии кадрҳои соҳаи иқтисодӣ ва молия, барномарезӣ, сохтмон ва меъморӣ, тарҳрезии маснуоти саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле калон аст. Духтарони донишкада паҳлӯ ба паҳлӯи ҷавонписарон истода дар озмуну олимпиадаҳо ширкати фаъолона доранд. Бо вуҷуди он, ки донишкадаи мо равияи техникиро пеш гирифтааст, дар чор соли охир донишҷӯи донишкада Фаришта Ҳасанзода аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар миқёси кишвар ҷои аввалро сохиб мешавад. Ва ин худ далолати он аст, ки маърифатнокии зан дар пешрафти ҷомеа калон аст. Мо минбаъд низ барои пешрафт ва такомули нерӯи зеҳнии занону модарон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем. Мусобек Мироватов, раиси иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маорифи вилоят кулли бонувони донишкадаро бо ин ҷашни баҳору зебогӣ табрик намуда, ба Назира Бобоҷонова, мудири кафедраи Технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабук барои ноил шудан ба мақоми ифтихории олими ҷавони соли 2015 Ифтихорнома ва тӯҳфаи пулиро дар ҳаҷми 700 сомонӣ супорид. Мавсуф ҳамчунин ба директори донишкада барои хуб рохандозӣ намудани таълиму тарбия гулдастаи пур аз меҳрро тақдим намуд. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба якқатор бонувони фаъоли донишкада, ки миёни онҳо кормандони оддӣ низ кам набуданд бо Сипосномаҳои донишкада сарфароз гардонида шуданд. Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълим дар паёми шодбошии худ орзу кард, ки минбаъд сафи донишҷӯдухтарон зиёд гардида, аз байни онҳо нобиғагон ба камол расанд. Дар навори видеоӣ чанде аз устодони донишкада занону духтарони донишкадаро бо ин ҷашн муборакбод гуфтанд. Сарояндаи маъруфи вилоят, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурӣ Олими Маҳмуд ва донишҷӯён бо суруду шеърҳои марғуби худ хотири аҳли нишастро шод намуданд.