"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд.

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аъзоёни кумиҷроия ҷиҳати табрики кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба иди касбишон дар маҷлисҳои муассисаҳои тибби шаҳр иштирок намуда, табрикоти роҳбарияти ҲХДТ-ро расониданд. 17 уми август аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҳамро Атаева дар маҷлиси тантанавии Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, табибону кормандони ин марказро ба муносибати иди касбиашон аз номи Роҳбарияти ҲХДТ табрику муборакбод намуд ва ба фаъолони ҳизб Сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро тақдим намуд.


Нравится

Табибон посбони бахти инсонанд

Ҳамасола санаи 18-уми август бахшида ба рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд. Имрӯз 17 август дар чорабинии Маркази солимгардонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат варзида, табибонро ба муносибати иди касбиашон аз номи Роҳбарияти ҲХДТ табрику муборакбод намуда, ба фаъолони ҲХДТ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд.


Нравится

Ҳизби созандаву бунёдкор

Бо шарофати иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти фарогир ва дигаргунсози сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад, ки он барои зиндагии арзандаи сокинон шароити мусоид фароҳам меорад. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва иҷрои ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимону бепарасторон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тайи чанд сол аст, ки аксияи «Нури маърифат»-ро дар арафаи соли хониш баргузор менамояд.


Нравится