Санаи 17 август бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб дар Маркази саломатии шаҳрии №5 шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов иштирок намуда, кормандони марказро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд. Зимни вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани муттахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдоми зарурӣ медонад. Бинобар ин аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар соҳаи тандурустӣ кору фаъолият менамояд бояд ҷиҳати амалӣ гардидани чунин ҳадафҳои созандаи ҲХДТ камари ҳиммат баста, барои рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ саҳми назарраси худро гузоранд. Дар охир Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолон тақдим карда шуда, дар вазъияти тантанавӣ 30 нафар шахсони арзанда ба сафи узвияти ҲХДТ қабул карда шуданд.