Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз саромадони назми ноби форсӣ-дарӣ буда, ашъори шаҳду шакаринаш тӯли қарнҳо дар дилу дидаи мардуми ҷаҳон маъво гирифтааст. Забони ашъораш оддӣ, оммафаҳм ва шевои гуфтораш хеле нарму гуворост. Рӯдакӣ омӯзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ӯ ахлоқи пок ,одамият, инсонпарварӣ, хирад ва мардиву бузургии инсон талқин шудааст. Дар тақвими ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-сентябр Рӯзи Рӯдакӣ муқаррар гардидааст, ки ин санаи фархундаро метавон рӯзи шеъри оламгири форсӣ низ муаррифӣ намуд. Шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нақшаи баргузории чорабиниҳо, аз ҷумла маҳфили адабӣ-фарҳангиро дар мавзӯи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…» бахшида ба бузургдошти устод Рӯдакӣ тарҳрезӣ намуда, дар асоси он санаи 21.09.2015 дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, санаи 22.09.2015 соати 7.30 дақиқа дар ташкилоти ибтидоии ба номи М.Беҳбудӣ, соати 14-00 дар ташкилоти ибтидоии М.Осимӣ ва соати 16-00 дар хобгоҳи №2-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил намуд. Ин маҳфилҳо хеле хотирмон ва дорои аҳамияти тарбиявӣ шуда гузашт.