Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба пойдорӣ ва устувории оилаҳо аҳамияти хосса дода, оиди ин масъала изҳори ақида карда, таъкид намуданд, ки «Бо вуҷуди дастгирӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон проблемаҳои ҳалталаб дар ин самт ҳанӯз зиёданд». Бинобар ин соли 2015-умро «Соли Оила» эълон доштанд ва ин ибтикори фарзонамарди бузург, ғамхору посдори миллат қобили дастгирии ҳамаҷониба гардид ва дар байни занону бонувони шаҳри бостонии Хуҷанд ҳам ҳамовозӣ ва дастгирии гарму ҷӯшонро ба вуҷуд овард. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тибқи иҷроиши Фармони Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3.02.2015 №352 дар бораи эълон шудани соли 2015 «Соли Оила» нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуда. дар асоси он чорабиниҳои зиёдеро баргузор намуд. Дар радифи баргузории чорабиниҳо ба ин муносибат ва тибқи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» санаи 2 декабри соли 2015 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чораҷӯии муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» дар мавзӯи «Оила макони меҳру муҳаббат» баргузор гардид. Дар ин маҳфил намояндагони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси Маркази занон «Гулрухсор», корманди масъули Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд оиди бунёди оилаҳои солим, пойдории оилаҳо, омилҳои асосии мустаҳкамии оила, сирри ҳаёти оилавӣ, қадри ҳамсарон, фаҳмонидани мафҳуми хушбахтона зистан-истифодаи васеъ ва самараноки дониш ва таҷрибаи ашхосони барӯманд, оилаҳои устувору намунавӣ бо мақсади тарбияи ҷавонон ба оиладорӣ, дар ҳолати дучор гардидан ба хушунат ба куҷо муроҷиат намудан ва амсоли он суханронӣ намуда, ҷавононро даъват намуданд, ки шиори зиндагиашон «Ҷаҳонро муҳаббат ҳукмронӣ мекунад, на хушунат» бояд бошад. Чорабиниро баромади фарҳангии донишҷӯён ҳусни анҷом бахшид.