Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин ташаббус миёни омма гарму ҷӯшон пазироӣ шуда, имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат вусъати тоза касб мекунад. Махсусан таъминот бо оби нӯшокӣ, азнавсозии қасрҳои фарҳангу китобхонаҳо барои рушди маънавиёти сокинони деҳаҳо таккони ҷиддие бахшида истодааст.  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру нишондоҳои Роҳбари муаззами ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои истироҳатӣ бо шароити зисту зиндагӣ ва ошноӣ пайдо кардан аз ҳаёти ҳунармандони  деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ ба ин мавзеи зебо сафар намуданд. Зимни ошноӣ аз рӯзгори ободи бошандагони ин деҳаи кӯҳистон меҳмонон аз он хушнуд шуданд, ки ин ҷо ҳунарҳои дастӣ аз қабили   қолинбофӣ, кешбофӣ, кӯрпачадӯзӣ ва ресмонресӣ солҳои охир рушд ёфта, зиндагии мардум куллан дигаргун шудааст. Сокинон бо шукрона аз тинҷиву амонии кишвар дасти дуо бардошта, иқдоми халқпарваронаи Сарвари давлатро куллан дастгирӣ намуданд.

Чунин боздидҳо бешубҳа барои густариши робитаи байниминтақаҳо мусоидат менамояд.

Сафари дурӯза хеле хотирмонд гузашт.