Оре, дар ҳакиқат табиат холиқу парвардигор аст. Агар ба харитаи зонаҳои табии дунё нигарем, аён мешавад, ки Тоҷикистон чун дигар мамлакатҳои митақаи Осиёи Марказӣ дар зонаи биёбонии минтақаи иқлимии мўътадил ҷойгир шудааст. Лекин маҳз бо шарофати релефи кўҳӣ Тоҷикистон «акумулятор»-и намии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Релефи баланд кӯҳи ва вобаста ба он шароити мусоиди пирях ҳосилшави боиси бавучуд омадани сарчашмаҳои зиёди ғизогирии дарёҳо ва шабакаи зичи онҳо дар марзи Тоҷикистон гаштааст. Шумораи умумии дарёҳое, ки дарозиашон аз 10 км изофааст, зиёда аз 947 то буда, дарозии умуии онҳо аз 28500 км зиёдаст.Бубинед, ки худи табиати халлоқ дар ин минтақаи биёбонӣ кўҳҳои осмонбўсро офарида, дар баландии 2000-2500м «Уқёнус» ҳосил кардааст -«Уқёнуси сахт» дар шакли ҳазорҳо ҳазор яху пиряхҳо, ки то бо ҳазорҳо ҳазор дарёву дарёчахо ба заминҳои ташналаби минтақаи Осиёи Марказӣ пайки ҳаёт барад. Табиист, ки аҷдодонамон ин мавзеъи кўхиро бо табиаташ мутаносиб Бадахшон, Помир номгузорӣ кардаанд. Мувофиқи акидаи фарҳангшиносон Бадахшон аз калимаи қадимаи паҳлавӣ буда, маънои худованди нур, соҳиби нур ва нурофарро дорад. Помир аз калимаи қадимаи «По-меҳр» буда, маънояш қадамҷои худои офтоб мебошад.
Шабакаи гилдрографии дарёҳои Тоҷикистон баҳавзаи 2 дарё: Аму ва Сир таалуқ дорад. Ҳавзаи Амударё калон буда, масоҳати зиёди кӯҳиро дар марзи Тоҷикистон дар бар мегирад ва зиёда аз 60%оби Амударё аз марзи Тоҷикистон ибтидо мегирад ва дарёи сероб мебошад. Сарҳади ҳавзаи Амударё аз шимол бо кӯҳҳои Олою Туркистон ,аз шарқ бо қаторкӯҳи Саркӯл ва аз ҷануб ба Ҳиндукуш мегузарад. Дар поёнобаш дарё аз ҳамвори мегузарад ва хатти обтақсимкунак гӯёнест. Амударё аз марзи 4 давлат : болообаш (Қизилсу) аз Қирғизистон, қисми асосии ҳавза якҷоя бо ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳо, Зарафшон ва якқисмати ҳавзаи Сурхандарё (дарёҳои Қаротоғ ва Шеркент) азТоҷикистон, ҳавзаи дарёҳои Сурхандарё, Қашқадарё, Шеробод, поёноби Зарафшон ва қисми зиёди ҳамворигии Амударё аз Ӯбекистон, якқитсми ҳамворигии Амударё аз Туркманистон мегузарад.
Ҳавзаи Амударё дар марзи Тоҷикистон аз якчанд қисматҳои характернок иборат аст:
1.Ҳавзаи дарёи Панҷ, ки қисми асосии Амударё аст ба 2 қисми аз ҷиҳати гидрологи гуногун тақсим мешавад. Қисми Помирии Тоҷикистон, ки бисёр сероб аст ва қисми афғонистоники камоб аст.
2.Ҳавзаи дарёи Вахш дуюмин ҳавзаи асосии Амударё аст, ки 524 км дарози дорад. Вай дар натиҷаи ба ҳам якшавии Қизилсӯ, ки аз Қирғизистон оғоз мешавад ва Муқсу, ки аз маркази калонтарини яхбандии Помир ибтидо мегирад, номи Сурхобро гирифта дар ҷараёни поёнтараш бо дарёи Хингоб якшуханоби Вахшро мегирад.
3.Дарёи Кофарниҳои, ки 387 км дарози дорад (ҳамаи шохобҳои дарёи Кофарниҳон низ) ва қисми шарқии Сурхандарё аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷори мешаванд.
4.Дарёи Зарафшон, ки аз ҷиҳати орографии ва гидрологи ба ҳавзаи Ому мансуб аст, аммо кайҳо боз ба вай намерезад (пурра ба марзи ҷумҳурии Ӯзбекистон ба обёри сарф мешавад) , бояд ҳамчун объекти алоҳида омӯхта шавад.
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ дар байни мамлакатҳои ИДМ ҷои дувумро пас аз Русия (аз ҷиҳати масоҳат калонтарин мамлакати дунё) ишғол мекунад, ҳол он ки масоҳати Тоҷикистон аз масоҳати Русия 119,4 мароиба хурд аст. Агар мо ин захираҳоро мутаносибан ба територияи ин давлатҳо таксим кунем, он гоҳ аз рўи ин нишондиҳанда Тоҷикистон аз Русия ҳам пеш гузашта дар байни давлатҳои ҷахон ҷои дувумро аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ ва ҷои ҳаштумро аз ҷиҳати захираҳои обӣ ишғол мекунад.
Оре, Тоҷикистон давлате, мебошад, ки аз захираҳоиоби ва гидроэнергетикӣ бениҳоят бой аст ва истифодаи оқилонаи онҳо аҳамияти калони хоҷаги ва иқтисоди на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми мамлакатҳои ин ҳавза дорад. Лекин мутаассифона ҳастанд ашхосе, ки барои ба мақсадҳои сиёсии худ расидан дар истифодаи мақсадноки ин неъмати худододи табиӣ монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд, ҳатто байни халқҳо муноқишаҳои миллӣ ба вучуд меоранд. Ман намефаҳмам, ки чаро академики ўзбак Рустам Абдуллоевро ориёитабор будани халқи тоҷик чунин ба ташвиш овардааст ва боз барои ман муаммо аст, ки чаро ин хакикати таърихиро ў рад кардан мехоҳад.Ва умуман «энтогенез»-и халқҳо дар бобати сохтани Роғун чӣ иртибот дорад.Ҳарчанд ин академики кўрсаводи ўзбак аз нигоҳи бесаводонаи (дар назар дошта мешавад, бе донистани асосҳои Антропология ва Этнография) худ, таърихи ташаккули халқи тоҷикро таҳлил карда бошад ҳам, лекин таърихи қадимаи халқи тоҷик дар сарчашмаҳои кадимтарини таърихӣ оғоз аз Авасто сабт шудааст. Аҷдодони боору номус ва бофарҳанги мо ҳамеша аз низову муноқиша ақли солимро афзал медонистанд ва навиштаанд:
Кор на ин гунбади гардон кунад,
Ҳарчӣ кунад, ҳиммати мардон кунад.
Ман боварӣ дорам, ки ҳиммати мардонаи мардуми зафарманди Тоҷикистону Ӯзбекистон боло мегираду, рўзе мерасад, ки Бадахшону Помир дар ҳакиқат шоистаи номи худ нурофар ва соҳиби нур мешаванд. Ва мерасад он рўзе, ки Роғун низ сохта мешаваду на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати тамоми мардуми Хавзви Амударёву сирдарё хизмат мекунад. Ва мерасад он рўзе, ки ба чои сарбанди табиии кўли Сарез, ки чун аждаҳо дар байни кўҳ хобидаасту хатари кандашавии он ҳар лаҳза ба тамоми мардуми минтақа таҳдид мекунад, сарбанди мустаҳками сунъӣ сохта шуда, қаторстансияҳои барқӣ бунёд мешавад ва низ ба манфиати тамоми мардуми минтака хизмат мекунад.
Оре, миллати сарбаланди тоҷик ба иғвову дасисабозиҳои шахсони беаслу бенасаб, ки на парвои миллати худ ва на парвои миллати дигаро дорад, дода намешавад, ки дар ин бора аҷдодони бофарҳанги мо навиштаанд:
Ҳар ки моро ёд кард, эзид мар-ўро ёд бод,
Ҳар ки моро хор кард, аз умр бархўрдор бод,
Ҳар ки андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, к-аз боғи наслаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моробо касе гарду ғубор,
Ҳар ки моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.

Мӯминҷон Аминов номзади илмҳои география
Мавҷуда Ҷӯраева устоди ДДХ
ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров