"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

МУАРРИФИИ БАРНОМАҲОИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ

Дар чойхонаи кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13, ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Масжиди Сурх-№5» ва ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ «Қорираҳмат Қурбонов-№4» бо интихобкунандагони кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов» баргузор гардид.


Нравится

ТАКЯ БА ЭЪТИМОДИ МАРДУМ

Гузашти рӯзҳо моро ба яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ наздиктар месозад. Ба ин муносибат намояндагони ҳар як ҳизби сиёсӣ бо овоздиҳандагон вохӯрӣ доир намуда, ҳизби худ ва барномаи панҷсолаи онро муаррифӣ менамоянд.


Нравится

Маҷлиси ҳисоботии ҷавонон

Санаи 11 феврал дар «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботии шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аъзоёни шӯрои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва ҷавонони фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизб иштирок намуданд.


Нравится