Санаи 13 феврал тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар мактаб-парваришгоҳи ёрирасони шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13, ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Масҷиди Сурх-№5» ва ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ «Пахтакор-№5» бо интихобкунандагони як қисми кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов» баргузор гардид. Вохӯриро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки нақши ҲХДТ дар баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа калон буда, тавассути аъзои фаъолаш барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳоло дар сафи он танҳо аз шаҳри Хуҷанд наздик 10 ҳазор нафар аъзоён ба қайд гирифта шудааст. Ба интихоботи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҲХДТ шахсони арзандаро аз ҳисоби аъзоёни фаъоли худ пешниьод намудааст. Итминони комил дорем, ки халқ беҳтаринҳоро интихоб хоҳад кард. Дар ин вохӯрӣ шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд -13, Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна устоди ДДҲБСТ Сулаймонов О., шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх-№5», Раҷаббой Аҳмадзода, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Пахтакор, №5» Шокиров Музаффар иштирок намуда, аз барномаҳои пешазинтихоботии номзадон назди ҳозирин сухан ронданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки ҳадафи ҳар як номзад мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мардум аст. Дар сурати пирӯзӣ вакилон ӯҳдадориҳои худро ҳатман иҷро хоҳанд кард.