Ҳамасола тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр Маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ»-ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст. Соли 1999 Созмони Миллали Муттаҳид 25 ноябрро расман Рӯзи байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, эълон намуд. Интихоби 10 декабр ҳамчун рӯзи хотимавӣ низ бесабаб нест, зеро ин рӯз – Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст. Зӯроварӣ бошад яке аз омилҳои вайронкунии ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб меравад ва мутаассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин амали нангин дар хонаводаҳо бештар истифода бурда мешавад. Аксаран занон гирифтори хушунат мегарданд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таи чанд сол аст, ки дар гузаронидани маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ нисбати занон» фаъолона ширкат меварзад. Мақсади гузаронидани Маъракаи Иттилоотӣ дар соли 2015 ин: - ҷалби диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатхои иқтисодию иҷтимоӣ, сабаб ва зоҳир гардидани онҳо -мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати хуқуқии занон Вобаста ба ин дирӯз дар асоси нақшаи муштараки шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Вилоятию шаҳрии ҲХДТ, Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази занон Гулрухсор» дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Оила макони меҳру муҳаббат» баргузор гардид.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10155
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9988
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8116
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7910
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7279
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1143
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1177
-
Баргузории мусобиқаи баскетбол байни бонувон2021-04-14 713
-
Тозагии атроф дар дасти мост2020-06-13 875
-
ҲНИ ДОҒИ МИЛЛАТ2018-08-28 1224
-
ТАҶЛИЛИ НАВРЎЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ2018-03-19 1352
-
Ситоди навбатии Обуна-20172016-09-30 1452
Меҳмонон