Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришоти Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон субҳи имрӯз 23 июл намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба қисми низомии 0340-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Шаҳристон воқеъ аст, ташриф оварда, аз рафти хизмати ҳарбии сарбозони ин қисми низомӣ дидан намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов салому паём ва миннатдории Роҳбарияти ҲХДТ-ро ба кулли хизматчиёни ҳарбӣ расонид ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравии Кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим намуд.