Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -   Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъии  мардум дар мадди аввал меистад. Дар ин радиф ба хотир овардани суханронии Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷасурона роҳбарии давлатро дар айни нобасомониҳо ба ӯхда гирифта дар назди Парчам савганд ёд карда буданд, кофист: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам”.

            Халқи Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро медид, ки бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ хизмат хоҳад кард. Эмомалӣ Рахмон аз байни даҳ номзад чун роҳбари Давлати соҳибистиқлол интихоб гардиданд. Савганди ӯро мардуми тоҷик хеле хуб дар хотир дорад: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. …кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Мо хама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем».

         Истиқлоли Чумҳурии Тоҷикистон барои мо – мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадаст. Он бар ивази талафоти зиёди ҷонӣ, хисороти бисёри иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ба даст омадааст.

         Асри бист бо воқеаҳои сиёсии худ ҳам ташвишовару ва ҳам хотирмон буд. Мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ он ҷанги шаҳрвандӣ ва он майдоншиниҳову хунрезиҳоро фаромӯш намекунад. Дар он лаҳзаҳои хеле ҳасос ҳар як фарди тоҷик фақат як орзу дошт. Ин ҳам бошад сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромии кишвар.

       Дар асри бисту як беҳтарин дастоварди мардум соҳиб шудан ба Истиқлоли Чумҳурии Тоҷикистон буд. Маҳз, ҳамин Истиқлол ба мо сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромии кишварро бахшид. Чунки давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низоми давлатдории худро мустақилона пеш мебарад.

        Дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Шароит хеле душвор буд.   Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.

         Эмомалӣ Рахмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат маҳз бо барномаи мукаммали худ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани давлатро пешниҳод намуданд.

   Солҳои сипаригардида собит намуданд, ки барномаи пешниҳоднамудаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва айни муддао будааст. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон исбот намуд, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби қувваи тавоност, ки пеши роҳи хамагуна иғвогарию моҷароҷӯиро гирифта метавонад.

           Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба ӯҳда гирифта, тавонистанд, ки манфиатҳои умумихалқиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳи ва махаллию минтақавӣ боло гузоранд.

            Қадами устувори Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон бо рохи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи  нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ ва дар асоси он таъсис додани системаи самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ марҳалаи хеле муҳим буд. Сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, системаи адолати судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз навъ ташаккул ёфтанд.

        Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат комёб гардидем. Бо кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ҳамчунин бо дастгирии мардуми бономусу бофарҳанги тоҷик 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

            Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурии мо таъмин намуд. Мо имрӯз аз он ифтихор дорем, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигар кишварҳо намунаи ибрат аст ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст.

          Ба Сарвари кишвар муяссар шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намоянд ва фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатиро ба низом дароранд.

      Истиқлол , неъмати бузургест. Дар ин даврон кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ кадамхои устувор гузошт. Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ, Забони давлатӣ ва Пули миллӣ гардид.

        Таҷрибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва давлатдорӣ барои мардуми тоҷик ва наслҳои ояндаи Тоҷикистон бояд як мактаби бузурги зиндагӣ ва сабақи нотакрор бошад.

          Дар Паёмҳои пай дар пайи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои хуби ба рушди ҷомеа ва некуаҳволииии   мардум нигаронидашударо ироа менамоянд.

          Соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои асосӣ ва калидии ҷомеа маҳсуб меёбад, пайваста зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат ҷиҳати рушди илм ва пешрафти ҷомеа солҳои 2020-2040 – ро “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақик ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон доштанд. Ҳамчунин, баргузории озмунҳои “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм - фурӯғи маърифат”, ки бевосита бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар роҳандозӣ гардидаанд, ҷавононро ба милмомӯзӣ ҳидоят менамояд.     

             Имрӯз боиси ифтихор аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷахду талошҳои пайвастааш ин гуфтаҳои худро содиқона ба ҷо оварда истодаанд ва таҳти роҳбарии ӯ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ мустаҳкам мегардад. Дар воқеъ, Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ,  Пешвои миллат ва Президенти писандидаи миллати тоҷик  ба ҳисоб мераванд.

 

Туразода Чамшед Аскар,

муовини раиси КИИ ХХДТ "СОМОН"

дар шаҳри Хуҷанд