Имрўз дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ ба номи А. Нурматов» бахшида ба иди умумиҷаҳонии ҳамшираҳои шафқат чорабинии фарҳангӣ-оммавӣ таҳти унвони «Солимии оила – солимии ҷомеа» баргузор гардид, ки бо сухани муқаддимавӣ раиси ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ» Тўйчӣ Иброҳимов баромад намуд. Дар чорабинӣ мудири шўъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева иштирок варзида, ба 6 нафар ҳамшираҳои шафқат шаҳодатномаи ҲХДТ супорид ва аз аъзоёни нави ҳизб даъват ба амал овард, ки дар рушди суботи ҷомеа, алалхусус, ҳифзи нигаҳдошти солимии он саҳм гузошта, дар гулгулшукуфоии кишвар дониш, малака, истеъдоди хешро дареғ надоранд.