Санаи 16 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии технологии  Қирғизистон ба номи И.Раззоқов Олимпиадаи байналхалқии технологӣ баргузор гардид. Дар олимпиада донишҷӯёни муассисаҳои олии Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки дар равияи  “Технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” таҳсил доранд, ширкат варзиданд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар олимпиадаи байналхалқии мазкур донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, номбардори Ватану донишкадаи азизи хеш гардиданд.

Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси кафедраи “Технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока”-и ДДТҚ ба номи И.Раззоқов, барномаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуда, дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Олимпиада дар ду марҳила гузаронида шуда, аз қисми назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Қисмати сеюм бошад, дар сехи маҳсулотҳои гӯштии “Технолог” баргузор гашт, ки шарти асосӣ дар муддати муайяншуда аз рӯи тартибот омода сохтани 5кг маҳсулоти гӯштиро дар бар гирифт. 

Ҷалилов Равнақ, донишҷӯи курси 3_49.01.02, Мамадҷонов Равшан, донишҷӯи курси 4_49.01.02, Атабекова Хафиза магистранти ихтисоси 49.01.02mta иштирокчии Олимпидаи байналхалқии технологӣ гардида, бо донишу маҳорати баланди худ дар ҳисоби даставӣ сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.  Донишҷӯёнро дар Ҷумҳурии Қазоқистон профессори донишкада Муҳиддинов Анвариддин ҳамроҳӣ намуданд.

 Ҷалилов Равнақ, Мамадҷонов Равшан ва Атабекова Ҳафизаро аз номи кулли донишкада бо ғолибият дар олимпиадаи байналхалқӣ табрик намуда, дар кору таҳсил муваффақиятҳои беназирро орзумандем.

Устод Муҳиддинов Анвариддин ва иштирокчиёни олимпиада барои дастгирии ҳамаҷониба миннатдории хешро ба директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз мерасонанд.

Бигзор сафи чунин донишҷӯёни ғолиб, номбардори донишкада  ва фаъол  зиёд гардад.

Абдусабур Абдуваҳҳобов