"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Кадрдонии аъзои ҳизб

Субҳи санаи 28-уми август яке аз собиқадори ҲХДТ, аъзои фаъол, ташвиқгару тарғибгари ғояҳои созандаи ҳизб Насимҷон Сангинов ба синни мубораки 60 солагӣ расид, ки бахшида ба рӯзи мавлуди ӯ дар Идораи Тоҷикматлуботи вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ доир гардид ва дар ин маҳфил Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, соҳибҷашнро ба муносибати рӯзи мавлудаш аз номи роҳбарияти ҳизб табрику муборакбод намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба Насимҷон Сангинов барои хизматҳои шоёнаш дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб тӯҳфаи хотиравии кумиҷрояро тақдим карда шуд.


Нравится

Маҷлиси навбатии Ситоди «Обуна-2016»

Санаи 28-уми август дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси навбатии Ситоди «Обуна-2016» баргузор гардид. Раиси Кумиҷроия Наим Маликисломов аъзоёни ситодро бо рафти иҷрои нақшаи обуна шинос намуда, барои иҷрои саривақтии нақшаи обуна мудири бахши дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муҳсин Миркамоловро бо Сипосномаи Кумиҷроия сарфароз гардонид.


Нравится

Мактаб даргоҳи Маърифат

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тибқи барқияи Кумиҷроияи Вилоятии ҳизб аз санаи 04.08.2015 таҳти рақами №49 барои гузаронидани аксияи «Мактаб даргоҳи Маърифат» нақша-чорабинии худро тартиб дода, аксияи мазкурро дар сатҳи зарурӣ баргузор намуд.


Нравится