Тибқи дастуру супоришоти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи соли нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов аз хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд дидан намуда, ба бошандагони хонаи кӯдакон маводҳои хӯрока дастрас намуд. Ҳамзамон ҳамаи кӯдакони дар инҷо тарбиятгиранда ба чорабинии фарҳангӣ, ки санаи 26 декабр аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрӣ ҳамчун хайрия дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров баргузор мегардад даъват карда шуданд.