Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии «Гулдаст»-и назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии  “М.Осимӣ” маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ташкилот баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли 2019 шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.  

Дар маҷлиси мазкур  муовини раиси КИИ “М.Осимӣ” Х.Темирова ширкат варзида аъзоёни ҳизбро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ баҳои қаноатбахш дод.

Дар охир ба якчанд нафар шахсоне, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.