Имрӯз кишвари азиз -Тоҷикистон ҷашни фарруху фархунда дорад -муждаи ба кор оғоз кардани НБО «Роғун» бо ташаббусу ғамхориҳои пайваста ва шаборӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо халқи баору номус ва фидокору ҷоннисораш. Аз ин рӯ, Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии Раиси он Наим Мунаввар Маликисломӣ, аъзоёни Раёсати КИШ ва фаъолон ифтитоҳи иншооти бузурги аср - Роғунро тариқи пахши мустақим тамошо карда, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳунару кори Сарвари давлат, ки ҳадаф ободии диёр, роҳ ба сӯи рушании комил бо мақсади ноил шудан ба хавзаи барқи фаровон дар ин маъво, ки номаш Тоҷикистон аст, аз афзун шудани шӯхрати тоҷик ба шарофати Роғун, аз иқтидори барқи Роғун, аз нурафшонии кишвари маҳбуб ва ба истиқлоли барқии комил карданд.

Дар ин радиф Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шахри Хуҷанд Н.М.Маликисломӣ иброз доштанд, ки албатта Тоҷикистон чун кишвари нур, рӯшанибахши ҳамаи дунё хоҳад шуд. Агар имрӯз чойи Пешвои миллат дида буд, акнун ба дилҳо маскан хоҳад гирифт, зеро халқ бо раҳбари хеш дар хақиқат фидокорӣ намуда, кохи нуру рӯшаниро бино намуданд ва афзун бар  ин, бояд қайд кард, ки имрӯз ҳар чароғи хонаи мо нури раҳмонӣ бувад.

Хулоса, муждаи аҳуроии ин Рӯзи таърихӣ ва тақдирсоз шаходати он аст, ки Роғун адолат, Роғун асолат, Роғун шаходати бахту саодат, Роғун хакикат аст!