"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Роҳпаймоии ҷавонони вилоят дар шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки бештар аз 15 ҳазор донишҷӯёну устодон ва муҳассилини макотиби олӣ ва миёнаи махсуси маркази вилоят роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҷавонон ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат баргузор гардид.


Нравится

МО БО ПРЕЗИДЕНТ ВА ПРЕЗИДЕНТ БО МОСТ

Дар хотироти таърих зиёд ҳодисаву воқеаҳо нақш бастаанд, ки имрӯзиён онро варақгардон намуда, ба он баҳои воқеӣ медиҳанд. Чунончӣ дар осори бузургон шоҳ Нӯшервони одил бо вазири ҳакими худ Бузургмеҳр зиёд мадҳу ситоиш шуда, давраи салтанати онро аз дурахшонтарин ва хирадмандтарин замон инъикос кардаанд.


Нравится

ДАРДОШНО ВА ҲАМРОЗИ МИЛЛАТ

Ба сифати Пешвои миллат эътироф шудани Президенти мардумии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амри воқеӣ буд. Зеро ин марди ҷонфидо, хирадманд, ДАРДОШНО ВА ҲАМРОЗИ МИЛЛАТ замоне ба арсаи сиёсат омаданд, ки давлат ба ҳадди нестӣ мерасид. Маҳз хиради азалӣ, такя намудан ба нерӯи мардум, таҳаммулпазирӣ ба ин халқи куҳан, имкон дод, то ба ҷанги бародаркуш хотима диҳад. Ва имрӯз Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари ободу озод мешиносанд ва эътироф менамоянд.


Нравится