Заминаҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина тақвият бахшидан ба нақши ҷавонон дар  амалӣ намудани ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои хатарноки ба мафкураи ҷавонон таъсиррасон аз масъалаҳои умдаи фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ, бахусус, ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ҳисоб меравад.

Ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳам овардаи давлату ҳукумат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ба корҳои бунёдкоронаву созанда машғул мебошанд.

Бо мақсади  омодагӣ ва интихоби  қабули  ҷавонон ба сафи аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан ”  дар  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқот бо наврасон ва ҷавонони шаҳр доир гардид.  Дар мулоқот намояндагони кумиҷоияи шаҳрӣ ба ҷавонон  маълумот дар бораи  ТҶҶ “Созандагони Ватан” маълумот дода, бо онҳо суҳбат гузарониданд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо  шумораи умумии аъзоёни ин ташкилоти бонуфуз  дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 8000 нафар ҷавонписарон ва ҷавондухтаронро дар бар мегирад.

Ҷавонон «Созандагони Ватан»-и шаҳр ҳамқадами замон буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии дохили кишвар ва хориҷ илму дониш меомӯзанд ва дар раванди ободонии диёр саҳми назаррас мегузоранд.