Конференсияи 16-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҳизб ва беш аз 130 нафар вакилон доир гардид. Дар кори конференсия ҳамчунин муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муродӣ Умеда Бурҳонзонда ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, раиси ташкилоти ҷамиятии «Созандагони Ватан» Сангинов Абдунабӣ иштирок доштанд. Пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот, рӯзномаи кори конфронс, комисияи мандатӣ, раиси кумиҷроия Наим Маликисломов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки ба муҳокимаи конференсияи 16-уми ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд масъалаҳои интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд, «Дониш» №19 пешниҳод карда мешавад. Номбурда гуфт, ки ҳайати аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 43 нафар иборат мебошад. Бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва ба маҷлисҳои кумиҷроия ширкат накардани баъзе аз аъзоёни кумиҷроия як чанд нафар аъзоёни кумиҷроия аз аъзогӣ хориҷ карда мешаванд ва ба ҷои онҳо аъзоёни нав интихоб карда мешаванд. Бо ҷонибдории аксарияти вакилон ҳайати нави аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ карда шуданд. Дар идомаи конференсия вакилон ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19» номзадии иҷрокунандаи Раиси шаҳри Хуҷанд, аъзои ҲХДТ Шарифзода Шариф Файзро пешбарӣ намуданд. Тарҷумаи ҳоли Шарифзода Шариф Файз пешкаши ҳозирин карда шуд. Бо овоздиҳии аксарият Шарифзода Шариф Файз номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19» пешбарӣ гардид. Муроди Умеда Бурҳонзода зимни баромадаш таъкид дошт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи калонтарин ташкилоти ҳизбӣ на танҳо дар миқёси вилоят, балки дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар пиёда кардани талаботҳои оинномавию барномавии ҳизб мавқеи пешсафиро ишғол менамояд. Дар ташкилоти ҳизбии шаҳрӣ 13800 нафар аъзо дар 171 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд, ки ин бешубҳа қувваи бузург аст. Хосса, таъсири ҳизбиён дар баргузории интихоботи соли рафта равшан эҳсос гардида, мардум ба шарофати идеяҳои созандаи ҳизб бо амри дил ба сафи ҳизб шомил мешаванд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд аъзоёни ҳизб таблиғгари фаъоли ҷомеа буда, дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ нақши калон доранд. Бо ташкили шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонон мавқеи ҳизбро дар байни ин қишрҳои ҷомеа мустаҳкамтар намуданд. Гузашта аз ин, шӯрои собиқадорон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд ва минбаъд аз рӯи маслиҳату роҳнамоии пирони кор ва соҳибхирадон фаъолияти ҳизб пеш меравад. Мо аз иқдомҳои пайвастаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бобати пешгирии амалҳои ифротгароиву террористӣ, даъват ба зиндагии ростин, соли фарди солим, оила истиқбол менамоем, балки ин ташаббусро минбаъд дастгирӣ хоҳем кард. Ба ҳамаи масалаҳои кори рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Бо ҳамин конференсия ба кори худ анҷом бахшид.