Аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Эндокринология»-и Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ» вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ширкат варзида, баромад намуд. Мавсуф аз ҷумла дар баромадаш қайд намуд, ки аз ҷониби парлумон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат», бахусус нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷикро таъкид намуд. Қабули ин қонун дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ аст. Пешвои миллат будан нақш ва рисолати таърихии Эмомали Раҳмон мебошад. Ҳайати кормандони Маркази эндокринологии вилояти Суғд пуштибонии амиқи хешро аз қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» изҳор намуда, нақши таърихии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷикро боиси ифтихори миллат донистанд.