Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи аъзоёни ҳизб дар мавзӯи «Пешвои миллат- ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик» баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар беморхона, сартабиб Собирҷон Собиров дар бораи пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ваҳдату субот ва оромию осоиштагии кишвар оварда расонд, сухан ронд. Маҳз ба туфайли Сарвари бохиради мо Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷони худро ба каф гирифта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои пурхатар тадбирҳои муфид андешиданд ва он ба сулҳу салоҳ оварда расонид, мардум тинҷу ором зиндагӣ мекардагӣ шуданд. Пешвои миллат ном бурдани Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсад мувофиқ буда, он кас ба ин унвони пурифтихор ҳаматарафа арзанда мебошанд. Умуман, Сарвари давлат тавонистанд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин давлатамонро ба пеш баранд, муҳимтар аз ҳама сатҳи зиндагии мардум сол то сол боло рафт. Мо минбаъд низ дар атрофи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, баҳри гул-гулшукуфии Ватани азизамон меҳнати пурсамар менамоем, - иброз доштанд табибон НабиевБ., Ахмедов Б., Мирзоев М., Шокирова З., Юнусов С. ва дигарон.