Тибқи дастуру супоришоти Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарорҳои кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар назди кумиҷроияи шаҳрӣ амал карда истодааст. Санаи 9-уми январи соли 2016 дар қабулгоҳи ҷамъиятии назди кумиҷроияи шаҳрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Дӯстии халқҳо №24» Фаррух Бойматов ширкат варзида, муроҷиати шаҳрвандонро қабул намуд. Дар қабулгоҳи ҷамъиятӣ истиқоматкунандаи маҳаллаи 32-уми шаҳри Хуҷанд Фароғат Усмонова оиди таъмин бо ҷойи корӣ, иҷоранишини кӯчаи Ҳ.Карим, хонаи 50, ҳуҷраи 30 Зебо Раҳимова оиди расонидани кӯмаки моддӣ, истиқоматкунандаи кӯчаи М.Танбӯрӣ, хонаи 26, ҳуҷраи 13, маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм Зарина Собирова оиди расонидани кӯмаки моддӣ муроҷиат намуданд. Вакили номбурда масъалаҳои баррасигардидаро ба инобат гирифта, ба ду нафар муроҷиаткунандагон ёрии моддӣ расонид ва оид ба таъмин намудан бо ҷойи корӣ бо шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд корбарӣ менамояд. Худи ҳамин рӯз истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Масҷиди Савр, кӯчаи Садоқат №5 Муяссар Абдуева оид ба расонидани кӯмаки моддӣ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки кормандони кумиҷроия ба номбурда маводҳои хӯрока дастрас намуда, аз вазъи зиндагониаш огаҳӣ пайдо намуданд.