Дар толори Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳозиз вохӯрӣ бо бошандагони маҳаллаи Масҷиди Савр ва як қисми маҳаллаи Чорчароғ оид ба фаҳмондадиҳии бандҳои асоси тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии кумиҷроияи шаҳрӣ Хайрулло Сабуров ширкат варзида, мазмун ва моҳияти баргузории раъйпурсии умумихалқиро ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаҳмониданд. Сипас, байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавобҳо доир гардид.