Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумиҷроия чорабиниҳо баргузор гардида истодаанд.

Ҳамингуна чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд баргузор гардид ва дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат ва баромад намуд.

Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар баромади худ зикр намуд, ки Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ ва ҳуҷраҳои корӣ мавҷудаст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолия, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Хушбахтона имрӯз бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардидаанд ва моро зарур аст, ки эҳтироми Парчами давлатиро ба ҷо орем.