"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоӣ

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили рӯзи Артиши миллӣ бо аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Нурулло Ҳувайдуллоев ва омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида баромад намуд.


Нравится

Вохӯриҳои вакили МН МО ҶТ ва гурӯҳҳои таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президент бо сокинон

Бо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағийру иловаҳои пешбинигашта ба Конститутсияи Тоҷикистон дар Хуҷанд мулоқоту вохуриҳои гурӯҳи корӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова идома дорад. Ба гурӯҳи корӣолимону зиёинён аҳли илму адаб кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохтору мақомоти давлатӣшомиланд. Дирӯз чунин як вохӯрӣ дар чойхонаи Сирдарёи маркази вилоят бо иштироки фаълони шаҳр, собиқадорони меҳнат, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд ва зиёиён баргузор гардид. Мулоқотро раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, меҳмонон - Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ -Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Турсунова вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон, Раънохон Маҳмудзода, муовини Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини аввали Раиси вилояти Суғд ва муовини Раиси вилоят Назира Ғаффориро муаррифӣ намуда, ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуд.


Нравится

Фаҳмондадиҳии нуқтаҳои Паём

Бо мақсади фаҳмондадиҳии мазмун ва мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Касб» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Гулчеҳра Аҳророва ва мутахассиси шӯъбаи тарбияи ҳамин донишкада Матлуба Ашрапова иштирок намуда, оиди баррасии таъкидҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва наврасон дар Паёми навбатӣ, ки санаи 20-уми январи соли 2016 баргузор гардида буд, суханронӣ карданд.


Нравится