Субҳи имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи идонаро таҳти  унвони  “Конститутсия – бахтномаи миллат” баргузор намуда, дар миқёси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 2000 нафар сокинони шаҳрро бо иди Конститутсияи кишвар табрику муборакбод намуда, варақаҳои табрикотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба онҳо тақдим карданд.