"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомӣ

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишу қарорҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҲХДТ ва тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар ҳамбастагӣ бо комиссириати ҳарбӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бобати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳавасмандии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, дар қисмҳои низомӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад.


Нравится

Паёме дар роҳи Созандагиҳои навини соҳаи маориф

Рузи гузашта дар ташкилоти ибтидоии «Ориён»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир ба фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он устодону толибилмони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.


Нравится

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷандро Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, ба аъзои шӯро маълум сохт, ки дар ҷаласа се масъала мавриди баррасӣ ба муҳокимаронӣ қарор мегирад. Масъалаи якум, оид ба тасдиқи ваколати аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки намояндаи худро дар Шӯрои ҷамъиятӣ иваз намудааст, пешбинӣ шудааст. Ба сабаби вафоти Ҳошим Осимов, раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Мӯъминҷон Орифов ва бо сабаби иваз шудани ҷойи кори Зулфия Умарова, вазифаи котиби ҳамонҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ бар уҳдаи сармутахассиси шӯъбаи рушди ҷомеа ва робита бо ҷомеаи шаҳр Умеда Сайдуллоева вогузор карда шавад.


Нравится