Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба яке аз ҷавони лаёқатманд, мураббии мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Хуҷанд Валиев Ҳофизхон Ҳасанхонович, ки чанде пеш оид ба дохил шудан ба узвияти ҲХДТ бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов нисбати пешбурди кор ва фаъолияти ҳизб фикру ақидаи худро иброз намуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои барномаи ҲХДТ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ ба Валиев Ҳофизхон Ҳасанхонович муваффақиятҳо орзу намуд.