"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – БАРНОМАИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ

Санаи 09.02.2016 дар толори мактаби миёнаи № 26 шаҳриХуҷанд вохӯрӣ бо омўзгорону хонандагон оид ба омўзиши масъалаҳои асосие, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҷонишини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон н.и.ф., дотсент Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна ва мутахассиси шўъбаи тарбия Ашрапова Матлюба Комиловна, раис ва намояндагони маҳалаи 1-уми Май низ иштирок доштанд.


Нравится

ПАЁМ – РАҲНАМОИ ҶОМЕА

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: раҳнамои ҷомеа» бо иштироки васеъи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов онро ифтитоҳ намуда аз ҷумла қайд кард, ки Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм пешниҳод гардид. Чуноне, ки аз Паёми Сарвари кишвар, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд соли 2015 бо вуҷуди таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллӣ мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодиро таъмин намудем.


Нравится

ҚАДАМЕ БАР ПЕШ ДАР СОЛИ ФАРДИ СОЛИМ

Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми корхонаву ташкилотҳои кишвар муҳокимаи бандҳои ин ҳуҷҷати раҳнамунсоз идома дорад. Дар ҳошияи ин гуна вохӯриву мулоқотҳо рӯзи гузашта Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба беморхонаи шаҳрии бемориҳои сил ташриф оварда, бо фаъолон мулоқот доир намуд.


Нравится