Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили рӯзи Артиши миллӣ бо аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Нурулло Ҳувайдуллоев ва омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида баромад намуд. Раиси Кумиҷроия дар баромади худ оид ба пешравии соҳаи маориф дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия гуфта гузашт. Инчунин зикр карда шуд, ки Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем. Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти Тоҷикистон баҳра баранд. Дар охири чорабинӣ 36 нафар аъзои нав ба сафи ҲХДТ дохил гардиданд ва аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Хонандагони дабистони №9 бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.