Бо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағийру иловаҳои пешбинигашта ба Конститутсияи Тоҷикистон дар Хуҷанд мулоқоту вохуриҳои гурӯҳи корӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова идома дорад. Ба гурӯҳи корӣолимону зиёинён аҳли илму адаб кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохтору мақомоти давлатӣшомиланд. Дирӯз чунин як вохӯрӣ дар чойхонаи Сирдарёи маркази вилоят бо иштироки фаълони шаҳр, собиқадорони меҳнат, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд ва зиёиён баргузор гардид. Мулоқотро раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, меҳмонон - Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ -Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Турсунова вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон, Раънохон Маҳмудзода, муовини Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини аввали Раиси вилояти Суғд ва муовини Раиси вилоят Назира Ғаффориро муаррифӣ намуда, ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуд. Хайати корӣ доири нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳарф зада, доири барномаҳои таҳиягашта, ки аз ин Паём бармеояд, сухан гуфтанд. Ҳамчунин баромадкунандагон тағиру иловаҳои воридшаванда ба КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ доданд. Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳо ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушдиҷомеа нигаронида шудаанд. Чунин мулоқот дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТ ва дар мактаби таҳсилоти умумии №23 барои сокинони маҳаллаҳои «Темурмалик», «Мевағул» ва «Суғдиён» ва ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.