"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Ҳомиёни Ватан

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии «М.Осимӣ» бахшида ба 23-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мулоқот миёни донишҷӯён ва намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳр оид ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ ва озмуни «Ҳомиёни Ватан» доир гардид.


Нравится

Моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд вохӯрии Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Турсунова вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, фаъолон, зиёиён баргузор гардид.


Нравится

Вохӯрӣ бо фаъолзанон

Бо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағийру иловаҳои пешбинигашта ба Конститутсияи Тоҷикистон дар Хуҷанд силсиламулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи корӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ба гурӯҳи корӣ олимону зиёинён аҳли илму адаб кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохтору мақомоти давлатӣ ва Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ шомиланд.


Нравится