Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «М.Осимӣ»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳри фаҳмонидани муҳтавои асосии тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» воридгардида, вохӯрии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Хайринисо Темирова баргузор гардид. 

Дар баромаи худ Хайринисо Темирова зикр намуд, ки «воқеан ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади саривақтӣ буда, мақсади асосии он коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аст. Дар давоми 10 соли амали қонун он натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Қонуни мазкур  барои сарфакоронаю самаранок истифода бурдани маблағу даромадҳои мардум роҳнамоӣ мекунад.  Масалан ба ҷои хароҷоти барзиёд беҳтар аст, он маблағҳоро барои бунёди манзил ва таҳсили фарзандон сарф намоем».

Дар охир миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир гардид.