Бо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағийру иловаҳои пешбинигашта ба Конститутсияи Тоҷикистон дар Хуҷанд силсиламулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи корӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ба гурӯҳи корӣ олимону зиёинён аҳли илму адаб кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохтору мақомоти давлатӣ ва Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ шомиланд. Дирӯз чунин як вохӯрӣ дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ширкати муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Ҳамроҳ Атаева бо занони фаъоли шаҳри Хуҷанд, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони меҳнат, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд ва зиёиён баргузор гардид. Мулоқотро раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мақсад аз ҷамъомади имрӯза ҳар чи бештар огоҳӣ ёфтан аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва фаҳмонидани зарурияти тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Паёми Президенти кишварро ҷомеаҳои меҳнатии шаҳри Хуҷанд, аъзоёни ҲХДТ бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд. Зеро Паёми имсола ҳамаи масалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварро дар бар гирифта, дастуру вазифгузориҳои дар Паём омада барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона шудааст. Сипас Раънохон Маҳмудзода зимни суханронии хеш доир ба нуктаҳои асосии Паём сухан ронда, аз ҷумла зикр кард, ки амалигашти се ҳадафи стратегии кишвар, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт, имкон фароҳам меорад, ки зиндагии сокинон ба маротиб беҳтар шавад. Номбурда бо мисолҳои воқеӣ беҳбудии таъминоти барқ ба мардум, зиёд шудани иқтидори он, мумфаршу аз нав кардани роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, афзун шудани сабади истеъмолии мардумро бо факту далелҳои мӯътамад иброз дошт. Ҳамчунин хоссатан таъкид шуд, ки роҳнамои миллат дар Паёми имсолаи хеш беҳтар кардани сифати ғизоро барои солимии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд. Дар идомаи мулоқоти озоду самимии хеш Раънохон Маҳмудзода аз дастгирии давлат ва ҳукумат бобати рушди соҳибкории хурду миёна, афзун намудани истеҳсолоти маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили семент сухан карда, гуфт, ки танҳо дар 6 соли охир барои дастгирии соҳибкорӣ аз буҷаи давлат 20 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст. Номбурда ҳамчунин аз соҳаҳои барои ҷамъият муҳим ва зарурӣ маориф ва тандурустӣ сухан карда, тарбияи насли худогоҳу солимро аз дастовардҳои ояндаи кишвар донист. Ва қайд кард, ки дар ин росто бояд ҷавонони мо бо донишҳои муосири замонавӣ мусаллаҳ бошанд ва ҳаргиз ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Раънохон Маҳмудзода ҳамчунин тағиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла қайд кард, ки тағйиру иловаҳо ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.