Санаи 11 феврал дар «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботии шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аъзоёни шӯрои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва ҷавонони фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизб иштирок намуданд. Дар ин маҷлис ҳисоботи мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Маҳмадмадсалим Хаитов оид ба иҷроиши самтҳои асосии фаъолияти шӯъбаи кор бо ҷавонон барои соли 2014 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи аввали соли 2015 шунида шуд. Дар маҷлис раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов иштирок намуда, оиди фаъолияти корӣ ба ҷавонон якчанд дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои муфид дод. Ҳамзамон мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, аъзои шӯрои ТҶҶ «Созандагони Ватан» Бахтиёр Исматҷонов ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро баён дошт.