Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии «М.Осимӣ» бахшида ба 23-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мулоқот миёни донишҷӯён ва намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳр оид ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ ва озмуни «Ҳомиёни Ватан» доир гардид. Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини директор Фаррух Аминов устодону шогирдонро ба муносибати солгарди ин санаи таърихӣ аз номи директори донишкада Дилафрӯз Сангинова табрик намуд. Акмал Нӯъмонов, мудири шӯъбаи омодагӣ ва даъват ба сафи Артиши миллии комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва Муҳаммадсалим Ҳаитов, мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар бораи дирӯз ва имрӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар маърӯза намуданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар донишҷӯёни фаъол шаҳодатномаи ҳизбӣ аз ҷониби меҳмонон супорида шуд. Сипас донишҷӯён аз рӯи панҷ шарт- саломнома, маҳорати тӯбронӣ дар навъи варзишии баскетбол, сангбардорӣ, муаррифии касби интихобкарда ва саволу ҷавоб байни ҳам рақобат намуданд. Донишҷӯёни факултети сохтмон бо ба даст овардани холи аз ҳама бештар сазовори ҷойи якум гардиданд. Зинаҳои баъдиро донишҷӯёни факултети информатика, энергетика ва муҳандисӣ- технологӣ ба даст оварданд. Ба ғолибон муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.