Зан – модар олиҳаи зиндагӣ, зебоии хонадон, бо таровату назари некбинонаи хеш ба ҳаёти мо ҳусни дигар зам мекунад. Хонае, ки дар он зани оқила ҳаст, файзу таровати хоса дорад. Беҳуда зан – модарро фариштаи рӯйи замин нагуфтаанд. Агар офтоб ба замин нур пошад, модар ба фарзандон ҳаёт мебахшад. Аз ин рӯ қадру қиммати занро ҳамагон боло медоранд.

Ҳамасола бо иқдоми неку хайрхоҳонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оилаҳои ниёзманд, собиқадорони ҳизб ва занони фаъол дар ҳар иду айём аёдат карда мешаванд. Дар арафаи пешвозгирии Рӯзи модар якчанд бонувону модаронро Раиси кумиҷроияи шаҳр Маликисломӣ Наим Мунаввар бо тӯҳфа ва маводи озуқа аёдат карданд.

Аз ин иқдоми идона модарон хеле хушҳол гардида, баҳри ободиву осудагӣ ва пойдории сулҳи Тоҷикистони маҳбубамон даст бар дуо бардоштанд.