Санаи 7 январи  соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии миёнаи умумии №14 бо иштироки  Мунаввара Дадобоева, директори Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ  ва Заррина Манонова мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  оид ба  фаҳмонидани муҳтавои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд,  вохӯрӣ доир гардид.

Мунаввара Дадобоева дар баромади худ қайд намуд, ки дар оғози ироаи Паём Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри комёбию муваффақиятои бадастомада таъкид намуданд, ки соли 2019 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Аз ҷумла баён доштанд, ки: «Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёна муҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мусоидат намуд.

Ин вохӯрӣ ниҳоят самараи хуб бахшид, зеро ҳар як иштирокчии ин чорабинӣ марому моҳияти Паёми навбатиро аз наздик дарк намуданд ва боварии комил дорем, ки онро сармашқи кори худ қарор дода, дар оянда баҳри ҳалли масъалаҳои дар Паём зикргардида камари ҳиммат мебанданд ва корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ идома медиҳанд.