Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба “Бобоҷон Ғафуров” дар назди кумитаи маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Аминҷон Шарифзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва фаъолони ҳизб баргузор гашт.

Дар ибтидо, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба “Бобоҷон Ғафуров”, профессор Ҷамшед Ҷӯразода Ҳабибулло доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба “Бобоҷон Ғафуров” дар назди кумитаи маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд давоми ду соли охир ҳисобот дода, баён намуд, ки ҳоло дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи «Бобоҷон Ғафуров» дар назди кумитаи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд 2047 нафар аъзои ҳизб дар 16 ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта шуда, аз теъдоди умумии он 747 нафарро аз ҳисоби омӯзгору ҳайати профессорон ва корманди ёрирасон, 12 нафар корманди хоҷагӣ ва 1298 нафарро донишҷўён ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ дар таҳия ва нашри асару мақолаҳои илмиву оммавӣ ва таълимӣ низ нақши арзишманд дошта, давоми ду соли охир 325 номгӯи асар рӯи чоп омад. Аз ҷумла, 74 китоби дарсӣ, 97 дастури таълимӣ ва таълимӣ-методӣ, 82 монография ва 72 маҷмӯаи мақола мебошад, ки ҳамаи он доир ба соҳаи илму маориф ва дигар самтҳои афзалиятнок нигаронида шудааст.

Илова бар ин профессор Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, ки давоми ду соли охир 25 нафар аъзои ташкилоти ибтидоӣ барои дастовардҳои назаррас ва хизматҳои шоиста дар назди халқу Ватан бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадр гардиданд: 3 нафар бо медали “Хидмати шоиста”, 1 нафар бо Ордени “Шараф” дараҷаи 2, 1 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар бо ифтихорномаи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 10 нафар бо медали 25 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 1 нафар бо ҷоизаи Раҳим Ҷалил, 1 нафар бо унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, 1 нафар бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров, 1 нафар бо Ҷоизаи байналмилалии Озарбойҷон ва 1 нафар бо ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома фаъолон ва намояндагони кумиҷроияи вилоятию шаҳрии ҳизб ба музокира баромада, доир ба фаъолият ва мароми ҳизб ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти он ибрози назар намуда, зикр доштанд, ки Раиси муаззами ҲХДТ як нуктаро ҳамеша таъкид мекунанд, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан натанҳо ифтихору шараф, балки масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба сафи ҳизб шахсонеро ҷалб намоем, ки пеш аз ҳама, ба Ватану миллат содиқанд ва ҳадафҳои барномавии ҳизбро эътироф менамоянд.

Дар идома фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.