Дар омӯзишгоҳи касбии №31-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Сирдарё №1» бо интихобкунандагони кумитаи маҳаллаи «Суғдиён» баргузор гардид. Вохӯриро раиси ҳавзаи интихоботӣ Назирҷон Азизов ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки санаи 19- июни соли 2016 дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии волоятӣ «Сирдарё №1» интихоботи вакил ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Сирдарё №1» ба ҷойи вакили хориҷшуда доир мешавад, аз ин хотир номзади пешбарикардаи ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуда, аз барномаи пешазинтихоботии худ ҳисобот медиҳанд. Мукаррама Бузурукова, собиқадори меҳнат, шахси боэътимоди Салима Каримова, номзад аз ҲХДТ ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Сирдар №1» дар баромадаш таъкид дошт, ки номзади пешбарикардаи ҲХДТ яке аз ҳунарманди пуркори вилоят буда, эътимод дорем, ки дар сурати пирӯзӣ барои беҳдошти вазъи мардуми шаҳри Хуҷанд хизмат мекунад. Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева дар баромадаш таъкид дошт, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2015-2020 «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» унвон шуда, ҳамчун барномаи амал ба ҷомеа пешниҳод гардидааст.