Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторонро ҳамеша дар мадди назари худ қарор додаст ва бо ин васила мекӯшад барои ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар кўмак расонад.

 Бо ҳамин мақсаду маром дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнгирии иди саиди Қурбон кормандон ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар аз ҳолу аҳволи якчанд нафар шахсони ниёзмандон, маъюбон ва собиқадорон дидан карда, онҳоро ба муносибати иди сид табрик намуд ва ба онҳо маводҳои хӯрока дастрас карда шуд.