Тибқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар участкаҳои интихоботии №57-қисми низомии 35-01, ва №59 қисми низомии 9829 вохӯрии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Сирдарё №1» бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар ин вохӯриҳо номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Салима Каримова ва шахси боэътимоди номзад Мукаррама Бузурукова иштирок намуда, аз барномаи пешазинтихоботии номзад назди ҳозирин сухан ронданд. Аз ҷумла қайд шуд, ки ҳадафи номзад мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мардум аст. Дар сурати пирӯзӣ вакил ӯҳдадориҳои худро ҳатман иҷро хоҳад кард. Ҳамчунин дар вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов баромад карда, қайд кард, ки нақши ҲХДТ дар баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа калон буда, тавассути аъзои фаъолаш барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад.