"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Конференсияи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи М.С. Осимӣ

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи М.С.Осимӣ конференсия доир гардид. Ба рӯзномаи кори конференсия ду масъала- «Ваҳдати миллӣ– омили пешрафт ва амният» бахшида ба истиқболи 19-умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ташкили кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи М.С. Осимии кумитаи маҳаллаи «Бофанда» ворид шуда буд. Дар кори конференсия раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов, намояндагон аз маҳаллаи «Бофанда» ва вакилон аз ҳафт ташкилотҳои ибтидоии назди кумитаи маҳаллаи Бофанда ширкат доштанд.


Нравится

Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.

Мувофиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд санаи 19 июн дар ҳавзаи интихоботии № 19 «Дониш» ба ҷойи вакили хориҷшуда интихоботи миёндаврӣ барои интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар хавзаи мазкур ду нафар номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Мувофиқи қарори ҳавзаи интихоботии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва мудири боғчаи бачагонаи № 33 Муаттара Мамадҷонова ба рӯйхати овоздиҳӣ ворид карда шуда буд.


Нравится

Сокинони шаҳри Хуҷанд вакили маҷлиси вилоятиро интихоб намуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботӣ Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Сирдарё № 1» интихоботи миёндаврӣ баргузор гашт. Назар ба маълумоти ҳавзаи интихоботии мазкур аз субҳи барвақт дар ҳамаи 14 участкаи овоздиҳӣ комиссия ба кор шурӯъ намуда, сокинони ҳуқуқи овоздиҳӣ дошта муташаккилона ба участкаҳои овоздиҳӣ омада барои номзадҳои худ овоз доданд. Дар ҳавзаи мазкур ҳудуди ду маҳаллаи шаҳр,- маҳаллаҳои «Суғдиён» ва «Сирдарё» ҷойгир буда шумораи интихобкунандагон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Сирдарё № 1» 15 ҳазору 304 нафарро ташкил медиҳад.


Нравится