Дар шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботӣ Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Сирдарё № 1» интихоботи миёндаврӣ баргузор гашт. Назар ба маълумоти ҳавзаи интихоботии мазкур аз субҳи барвақт дар ҳамаи 14 участкаи овоздиҳӣ комиссия ба кор шурӯъ намуда, сокинони ҳуқуқи овоздиҳӣ дошта муташаккилона ба участкаҳои овоздиҳӣ омада барои номзадҳои худ овоз доданд. Дар ҳавзаи мазкур ҳудуди ду маҳаллаи шаҳр,- маҳаллаҳои «Суғдиён» ва «Сирдарё» ҷойгир буда шумораи интихобкунандагон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Сирдарё № 1» 15 ҳазору 304 нафарро ташкил медиҳад. Дар маъракаи пешазинтихоботӣ бошад тибқи нақшаи тасдиқнамудаи ҳавзаи интихоботӣ номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ду нафар номзадҳои ба қайд гирифташуда,- соҳибкор, ҳунарманди шинохта Салима Каримова ва Назира Каримова мудири боғчаи бачагонаи 26 бо интихобкунандагони худ 10 мулоқоту вохӯриҳоро анҷом доданд. Назар ба маълумоти раиси Ҳавзаи интихоботии мазкур Назирҷон Азизов дар ин интихоботи миёндаврӣ аз шумораи умумии интихобкунандагони дар рӯйхат буда 88,3 % шаҳрвандон ширкат намуда ба тарафдории номзад Салима Каримова 72% интихобкунандагон овоз доданд. Ҳамин тариқ ҳунарманд, соҳибкори инфиродӣ Салима Каримова аз ҳавзаи интихоботии «Сирдарё №1» вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихобб гардид.