Мувофиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд санаи 19 июн дар ҳавзаи интихоботии № 19 «Дониш» ба ҷойи вакили хориҷшуда интихоботи миёндаврӣ барои интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар хавзаи мазкур ду нафар номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Мувофиқи қарори ҳавзаи интихоботии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва мудири боғчаи бачагонаи № 33 Муаттара Мамадҷонова ба рӯйхати овоздиҳӣ ворид карда шуда буд. Чуноне, ки масъулини ҳавзаи интихоботии мазкур маълумот доданд, рӯзи гузашта дар ин ҳавза интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди фаъолнокӣ доир гашта, бештар аз 90% сокинон-интихобкунандагон ширкат намуданд. http://khujand.tj/images/stories/navgoni/img_2016/img_06_16/35_400x267.jpgТибқи маълумоти сарчашмаи зикргардида бо 86,4% интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкат дошта ба тарафдории иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз овоз доданд. Бо Қарори ҳавзаи интихоботии № 19 «Дониш» Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб гардид. Лозим ба қайд аст, ки дар ҳавзаи мазкур 2 ҳазору 20 нафар шаҳрвандони интихобкунанда ба қайд гирифта шуда буданд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 11282
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10967
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 9048
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 8818
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 8265
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1950
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1970
-
ТАҶЛИЛИ 25 –СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД2019-12-07 1260
-
ВАТАНРО ДӮСТ ДОРУ БИНВОЗ2018-11-26 1473
-
НАВРӮЗ ТАРАННУМГАРИ САОДАТИ БАШАРИЯТ АСТ2018-03-19 1604
-
Изҳорот ба ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон2022-05-22 608
Меҳмонон