Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи М.С.Осимӣ конференсия доир гардид. Ба рӯзномаи кори конференсия ду масъала- «Ваҳдати миллӣ– омили пешрафт ва амният» бахшида ба истиқболи 19-умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ташкили кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи М.С. Осимии кумитаи маҳаллаи «Бофанда» ворид шуда буд. Дар кори конференсия раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов, намояндагон аз маҳаллаи «Бофанда» ва вакилон аз ҳафт ташкилотҳои ибтидоии назди кумитаи маҳаллаи Бофанда ширкат доштанд. Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Дилафрӯз Сангинова чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, вакилонро бо фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфт. Мавсуф ҳамзамон дар бораи аҳамияти таърихии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан ронда иброз дошт, ки ин рӯзи фархунда барои мо аз он ҷиҳат бисёр азизу муътабар аст, ки маҳз дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба даст омад. Ва ин имкон дод, ки дар кишвар сулҳу субот ва тинҷию оромӣ бебозгашт барқарор гардад. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастовардҳои бузургтарин ва воқеаи таърихии мо тоҷикон буда, маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи он насибамон гардид. Ва ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон буд, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани ин миллати куҳанбунёд пешгирӣ карда шуд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Наим Маликисломов баромад намуда, иброз дошт, ки азбаски шумораи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ба номи М.С. Осимии назди маҳаллаи «Бофанда» беш аз 900 нафар аст, дар асоси муроҷиати худи аъзоён ва тибқи оинномаи ҳизб зарурияти ташкили кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ба миён омад. Бо ҳамовозии кулли вакилони конфронс кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ташкил гардида, раиси кумиҷроияи ибтидоии ҳизбӣ Дилафрӯз Сангинова интихоб гардид. Ҳамчунин дар конференсия муовинони раиси кумиҷроия, аъзои раёсат ва кумиҷроия интихоб шуданд. Наим Маликисломов дар фарҷоми конференсия аз ҳизбиёни кумиҷроияи мазкур даъват ба амал овард, ки дар таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани дониши сиёсии аҳли ҷомеа, мавқеи устувор доштан дар ин ё он ҳодисаи ҷамиятӣ фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Хоссатан таъкид шуд, ки алоқаро бо васоити ахбори омма, аз ҷумла нашрияву сомонаҳои ҳизбӣ мустаҳкам намуда, саривақт ба маводҳои бӯҳтонангези «душманони миллат» ҷавоб гӯянд. Бо ҳамин кори конференсия анҷом пазируфт